Дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати афсарони қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» суҳбат гузаронида, баҳри амали кардани вазифаҳои дар он зикргардида ва иҷрои дастуру супоришҳои дарҷгардида, ба шахсони масъули қисми ҳарбии мазкур вазифаҳои мушаххас гузошта, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.
Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва амалиӣ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2023» тарғибу ташвиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти риояи онҳо, даъвати сокинони кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, суҳбат гузаронид.
Инчунин вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаҳои 374, 375 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятҳо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
полковники адлия Ҳамзазода Т.С.