Иштироки Раиси Суди Олӣ дар машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон, машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, баргузор гардид. Дар машғулияти семинарӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад иштирок намуд.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад вобаста ба масъалаҳои раванди корӣ бахусус дар бораи интизоми меҳнат, таҳияи саривақтии протоколҳои маҷлиси судӣ, муомилаи хуб бо шаҳрвандон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирии он суханронӣ намуданд.

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон 