Дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., кормандони суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар қисмҳои ҳарбии 07017 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён ва 87740 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ, бо ҳайатии шахсии қисмиҳои ҳарбии мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва амалиӣ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2023» тарғибу ташвиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти риояи онҳо, даъвати сокинони кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, суҳбат гузарониданд.
https://www.facebook.com/share/v/g8GasrYAJCWQB7if/?mibextid=oFDknk