Мурофиаи Сайёри Суди дар комиссариати ҳарбии шаҳри Норак аз ҷониби Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак бо иштироки ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии мазкур, парвандаи ҷиноятиро нисбати хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаторӣ Каримов Суҳроб Маҳмашарифович бо моддаи 252 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (рабудан)-ро пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозону афсарон, махсусан барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (рабудан), суҳбат гузаронид.

Баромад

Инчунин Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.  бо ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2018 сол, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият, стратегияи миллии мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, стратегияи миллии муқувимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи афсарони комиссариати ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Баромад

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                         Ҳамзазода Т.С.