Мурофиаи Сайёри Суди дар қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои маҷлисгоҳи қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак бо иштироки ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур, парвандаи ҷиноятиро нисбати Комрони Баҳром бо моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расониданро пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи афсарон, махсусан барои сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, суҳбат гузаронид.

Баромад

Инчунин Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.  бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2018 сол, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, оиди тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолият, дар бораи муқовимат бо савдои одамон, стратегияи миллии мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.Баромад

 

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон

подполковники адлия  Ҳамзазода Т.С.