Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., дар таърихи 19 марти соли 2020 дар мурофиаи сайёри суди парвандаи ҷиноятиро нисбати Табаров Б.Б., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 391 қисми 1 КҶҶТ, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозону афсарон, махсусан барои сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор суҳбат гузаронид.
Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба модааҳои 373 ва 391 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятҳои характери корупсионидошта ва пешгирию роҳ надодан ба чунин кирдорҳо, Оинномаҳои ҳарбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2013-2020, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони кард.
Хамзамон дар бораи амали намудани корҳои таргиботи дар самти пешгирии вайроншавии оилаҳо, оиди аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
Подполковники адлия Рафиқзода А.