Мурофиаи Сайёри Суди бо парвандаи ҷиноятӣ ва суҳбату вохурӣ дар қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А.

Дар қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А. дар маҷлиси сайёри суди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайфуддинов Фазлиддин Саймуҳиддинович бо моддаи 247 қисми 2-и банди «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи  боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шударо пешбинӣ намудааст, баррасӣ намуд.

Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковникиБаромад

адлия Рафиқзода А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ ҶумҳурииТоҷикистон оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 инчунин вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, инчунин оиди «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонида, дар охир Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни 22-юмин солгарди ба имзо расидани санади барои халқу давлати мо тақдирсоз  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муборакбод намуда, изҳор намуд, ки ҳар яки мо баҳри амалигардонии сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат, пешрафти Ватани маҳбуб ва пояндагиву ҷовидонии сулҳу субот бо ҳисси баланди ватандориву посдории муқаддасоти умумибашарӣ – сулҳу оромии Ватани азизамон заҳмат менамоем.