Мурофиаи сайёри суди аз ҷониби Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромад

Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Абдукаримов С.Ш., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 376 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар пешбини намудааст, баррасӣ намуда, ба Абдукаримов С.Ш., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.

            Баромад

Бо ҳайати шахсии дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус барои саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар содир шудааст, суҳбат гузаронида,

         Баромад

мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор  нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.

Инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо ҳайати шахсии дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, шахсони масъули қисми ҳарбии маскур, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом диҳанд.

Дар анҷом ҷониби Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди иди Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеа равшанӣ андохта, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии маскур ҷавобҳои муфассал гардониданд.

 

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Хатлон                                       Ҳакимиён К.Қ.,