Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Дангараи вилояти Хатлон

Баромад

Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подолковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Одинаев А.Б., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 179 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, пешбини намудааст, баррасӣ намуда ба Одинаев А.Б., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард. Ҳамзамон Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подолковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус оиди вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор  нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.

Баромад

Баромад

Инчунин вобаста ба баргузории чорабинии хеле муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ба баъзе аз паҳлуҳои ин раванд равшанӣ андохта, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                     Ҳамзазода Т.С.