Маҷлиси кории Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таърихи 26 апрели соли 2021, бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, маҷлиси кории Суди ҳарбии гарнизони Хатлон,  вобаста ба иҷрои супоришҳои протоколи машварати кории назди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2021, №8 ва супориши хатии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №510-16/1-18 аз 19.04.2021 сол, баргузор гардид.

мачлиси кори        Мачлиси кори

        Раиси суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар маҷлис нусхаи протоколи машварати кории назди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2021 таҳти №8-ро пурра хонда эълон намуда, ҳамаи бандҳои онро дар алоҳидагӣ таҳлил карда, таъкид намуданд, ки барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар машварати корӣ баёнгардида бояд тамоми чораҳои дахлдор андешида шуда, амалӣ карда шаванд.

       Ҳамзамон Раиси суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар маҷлис супориши хатии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №510-16/1-18 аз 19.04.2021 сол, вобаста  ба масъалаи манъ кардани қонеъгардонии аризаҳои даъвогӣ ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона сохташуда, бандҳои алоҳидаи протоколи машварати кории назди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2021 таҳти №8 вобаста ба масъалаҳои мазкур ва масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти мақомоти судиро баррасӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳамаҷониба ва амалӣ намудани супоришҳои дарҷгардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро вобаста карданд.

 

Дар маҷлис роҳбарият ва судяҳо қайд намуданд, ки барои пешгирии камбудиҳои дар фаъолияти судҳо ҷойдошта, бояд ба таври ҷиддӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо иҷрои софдилона ва поквиҷдононаи вазифаҳои хизматии хеш, иҷрои босифати санадҳои судӣ, таргибу ташвиқи қонунҳо, таъмини адолати судӣ ҳамчун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ пайваста аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

мачлиси кори             мачлиси кори

 

Раиси Суд                                  Ҳамзазода Т.С.