Маҷлиси корӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар суди ҳарбии гарнизони Хатлон, бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис аз ҷониби судяҳо ва кормандони суд вобаста ба » Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ»,  «Президент кафили сулҳ ва ваҳдати миллӣ» ва дигар мавзӯҳо баромадҳо доир гардиданд. Дар фарҷоми маҷлис роҳбарияти суд ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо аҳли оилаи онҳоро табрику муборакбод намуданд.