Игстиқлолият сутуни мустаҳками давлат!

     Макола       Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

      Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хуби дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси Ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатманди сарбаландиву осоиштигӣ ва неърӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

      Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳак зикрнамудаанд:

-«Истиқлолият безургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар як миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Мо дар шароити ҷахонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, рисолати  ҳаряк фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Сарҷамъии миллат ва рушду устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлолият ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад.

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша устувор нигоҳ доштани Истиқлолият-ин дастоварди бузург ва неъмати бе ҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳаряк шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бо нангу номуси Тоҷикистон аст.

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи фарзандони фидоии миллат ва халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бо нангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бе каронро барӯяш бознамуд. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати Миллӣ ду боли тавоное мебошад, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд.

Дар таърихи миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 бо хатти зарин чун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистонро созмони Милали Мутаҳҳид (02 марти соли 1992) эътироф намуд. Ин санаи таърихӣ барои халқи тоҷик ҳамчун рӯзи барқарории адолати таърихи ва эҳёи давлатдории тоҷикон дониста мешавад.

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият қабули Конститутсия буд. Истиқлолият давлатӣ барои қабули Конститутсия комилан мустақил асос гузошт. Санаи 06 ноябри соли 1994 бо роҳи райпурсиии умумихалқӣ аввалин Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи конститутсиони ба расмият даровард ва мувофиқи моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона эътироф гашт.

Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол ба ислоҳоти системаи судии мамлакат заминаи воқеъӣ гузошт.      Аввалин маротиба дар Конститутсия ҳокимяти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи Конститутсионӣ муқаррар карда шуданд.

Ба қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таѓйиру иловаҳо ворид гардида дар Суди Олӣ, Суди шаҳри Душанбе, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва судҳои вилоятӣ, Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуданд.

Қабули қонунҳои нав салоҳияти судҳоро васеъ намуда, масъулияти онҳоро баланд бардошт. Аз ҷумла мувофиқи Кодекси Мурофиавии Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ба салоҳияти судҳо вогузор шуд.

Имрӯз низ дар шароити дигаргуниҳои сиёсиву геополикии ҷаҳони муосир боз ҳам таҳким бахшидани заминаҳои боқии раванди тақвияти бемайлонии Ваҳдати Миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Истиқлолият мақсади асосии роҳбарияти мамлакат ва шаҳрвандони мо мебошад. Рушду тарақиёти ҷомеа раванди бе майлон буда зарурияти ташаккули заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро ба миён меорад. Бо назардошти чунин раванд вакилони мардумӣ пешниҳод намуданд, ки имрӯз рушди муттасил ва сатҳи имрузаи ҷомеъа тақозо намуд, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати баҳри инкишофи бе майлони сиёсӣ, сохти конститутсионӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ такмил дода шаванд.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон як қаттор иншоотҳои фарҳангиву варзиши сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва Олии касбӣ ва ѓайра бо ширкати Пешвои Миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар баробари ин дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои кори сохта ба истифода дода шуданд, ки ба неку аҳолӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд.

Бигзор бузургтарин дастоварди миллатамон Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                            А.Рафиқзода