Баромади судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Самадзода Д.Ҷ., дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Самадзода Д.Ҷ., дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳун, бо ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятхо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳун ҷавобҳои муфассал доданд.

         баромад

Инчунин дар бораи муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиноятҳои характери коррупсионидошта баромад намуда, ҷиҳати пешгирии содиршавии ин гуна категорияҳои ҷиноятхо ва даъвати сокинони кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ баромад намуда, ба саволҳои додаи ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳун ҷавобҳои муфассал доданд.

          Баромад

Ҳамзамон мафҳум ва моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин дар бораи амали намудани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии вайроншавии оилаҳо баромад намуда, шахсони масъули комиссариати ҳарбии мазкур вазифадор карда шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар ба роҳ монанд.

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Хатлон                                                         Самадзода Д.Ҷ.