Баромади судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Самадзода Д.Ҷ., дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Самадзода Д.Ҷ., дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 23 декабри соли 2022 суҳбат гузаронида, баҳри амали кардани вазифаҳои дар он зикргардида ва иҷрои дастуру супоришҳои дарҷгардида, ба шахсони масъули қисми ҳарбии мазкур вазифаҳои мушаххас гузошта, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.

      Баромад

Ҳамзамон мафҳум ва моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, даъвати сокинони кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, дар бораи муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидоштабаромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, суҳбат гузаронид.

     Баромад

Инчунин вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаҳои 374, 375 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятхо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.

 

 

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Хатлон                                              Самадзода Д.Ҷ.