Дар асоси нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва амалӣ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030» баромад намуд.
Инчунин вобаста ба тарғибу ташвиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти риояи онҳо, даъвати сокинони кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, суҳбат гузаронид.
Ҳамзамон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» суҳбат гузаронида, баҳри амали кардани вазифаҳои дар он зикргардида ва иҷрои дастуру супоришҳои дарҷгардида, ба шахсони масъули қисми ҳарбии мазкур вазифаҳои мушаххас гузошта, ба саволҳои додаи афсарон ҷавобҳои муфассал доданд.