ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар кори ҳамоиш Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., собиқадорони давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз муҳтарам Мирзозода Р.П. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор доштанд, ки хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлатдорӣ, пешрафти ҷомеа ва рушди соҳаҳои ҳаётии кишвар беназир мебошанд.
Собиқадорон зимни суханронии худ аз давраҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихи давлатдории навини тоҷикон ва нақши ҳалкунандаи Иҷлосияи XVI ёдовар шуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳокимияти судӣ дар кишвар мунтазам такомул ёфта, мақому эътибори суд дар ҷомеа беш аз пеш таҳким меёбад.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор собиқадорон бо “Сипоснома”, инчунин чанде аз судяҳо, ки бо садоқати хизматӣ, масъулияти баланд ва покии ният фаъолияти намунавӣ доранд, бо “Ифтихорнома”-и Раиси Суди Олӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷамъомад дар муҳити фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардида, иштирокчиён барномаи фарҳангиву ҳунариро низ тамошо намуданд.
https://sud.tj/
Суди ҳарбии гарнизони Хатлон 























