Қадрдонии кормандони дастгоҳи судҳо аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи суди вилояти Хатлон, машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи сентябри соли 2025 баргузор гардид. Дар ин раванд аз ҷониби Раиси суди вилояти Хатлон, ба муносибати 34-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои фаъолияти хуби меҳнатӣ баҳри таҳкими қонуният ва таъминоти адолати иҷтимоӣ ба як қатор кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ифтихорномаҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., супорида шуд.