Нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма
Санаи 27 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва нақшаи пешбинигардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо иштироки раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон полковники адлия Ҳамзазода Тоҳир Сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Қурбониён Баҳриддин Самардин ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид.

Пас аз ироаи ахбороти Раисони судҳо вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳо дар соли 2025 аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳолатҳои мушахас ба номбурдагон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои муфассал гардонида шуд.

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон 