Маҷлиси тантанавӣ Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Тоҳирзода Н.У., судяҳо, кормандони суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

         

Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Тоҳирзода Н.У., маҷлисро кушода, ганҷи бебаҳо будани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., вобаста ба «Дастовардҳои замони истиқлол» баромад намуд. Инчунин ёрдамчии прокурори ҳарбии Бохтар, Назаров П., дар мавзуи «Таърих ва навгониҳои замони истиқлол» ва мутахассис пешбарғтарҷумони суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Азимиён Б.С., дар мавзуи «Истиқлолият сутуни сустаҳками давлат» баромад намуданд.

         

Дар рафти маҷлиси як қатор кормандон барои фаъолият хуб ва бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мукофотҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудан.

Дар форҷом Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С. ва Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Тоҳирзода Н.У., тамоми кормандонро бо муносибати 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда ба онҳо бурдбориҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно карданд.

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон,

полковники адлия                                        Ҳамзазода Т.С.