Баромади судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 06870 «Б» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 05.07.2023 сол, дар қисми ҳарбии 06870 «Б» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба зӯроварӣ дар оила, солим нигоҳ доштани оилаҳо ва пешгирии бекоршавии ақди никоҳи хизматчиёни ҳарбӣ суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятҳо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.

            Баромад

Инчунин вобаста ба иҷрои Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористидошта, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, дар бораи аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва пешгириии ин категорияҳои ҷиноятҳо суҳбат гузаронида кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ баромад намуда, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.

Ҳамзамон мафҳум ва моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаҳмонида дода шуд.

 

Судяи суди ҳарбии  гарнизони Хатлон

майори адлия                                                                                          Ҳакимиён К.Қ.