Имруз дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва нақшаи пешбинигардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо иштироки Судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон Самадзода Д. ва Ҳакимиён К. инчунин прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишсти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Пас аз ироаи ахбороти муфассали намояндагони суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судии суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар соли 2022 аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳолатҳои мушахас ба судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Самадзода Д., Ҳакимиён К. ва прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои муфассал гардонида шуд.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон Самадзода Д.Ҷ.