Дар таърихи 01 феврали соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо иштироки Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. ва Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., бо намояндагони воситаҳои ахбори омма тибқи нақшаи пешбинигардида нишсти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид.
Пас аз ироаи ахбороти муфассали намояндагони суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар соли 2021 аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳолатҳои мушахас ба Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. ва Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобхои муфассал гардонида шуд.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Хатлон Ҳамзазода Т.С.