Баромади Муовини Раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Ализода Н., Судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Комилзода И. ва Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подолковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз бо иштироки Муовини Раиси Коллегияи ҳарбии  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Ализода Н., Судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Комилзода И. ва Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подолковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар қисми ҳарбии 07017  ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба баргузории чорабинии хеле муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ба баъзе аз паҳлуҳои ин раванд равшанӣ андохтанд.    Баромад

Аввалан дар хусуси мазмуни интихобот — ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи демократӣ шакли изҳори иродаи шаҳрвандон, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда ба амал бароварда мешаванд, суханронї намуда, илова намуданд, ки интихобот ин шакли олии амалигардонии ҳокимияти халқ буда, моҳияту мазмуни интихобот дар ҷаҳони муосир дар он аст, ки маҳз тавассути он халқ намояндагони худро дар мақомоти олии давлатӣ ва ҳамчунин Сарвари давлатро интихоб намуда, ҳуқуқи идора кардани давлат, амалисозии ҳокимияти давлатӣ ва аз номи халқ баромад карданро фаҳмониданд.

          Баромад

Ҳамзамон дар баромади худ заминаҳои ҳуқуқии интихобот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоб кардан ва интихоб шудан, ки пеш аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ќайд карда гузашта, мазмунњои моддаи 6 ва моддаи 27 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои конститутсионии низоми интихоботии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамчунин дигар заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро суханрони намуда, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Баромад             

Дар охир Муовини Раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Ализода Н., Судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Комилзода И. ва Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подолковники адлия Ҳамзазода Т.С.,бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, суханрони намуда, Тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ба муносибати љашни 29-Солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда, дар кори пуршарафашон бурдбориҳо таманно карданд.

 

Раиси Суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подолковники адлия                                                                                 Ҳамзазода Т.С.