Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., дар таърихи 13 январи соли 2020 дар мурофиаи сайёри суди парвандаи ҷиноятиро нисбати Турақулов Х.М., хизматчии ҳарбии батареияи идоракунии қисми ҳарбии 87740 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи А.Ҷоми дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 1 КҶҶТ, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозону афсарон, махсусан барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо суҳбат гузаронид.
Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои ҳарбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
подполковники адлия Рафиқзода А.