Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. дар бинои маҷлисгоҳи қисми ҳарбии 0307 СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонии вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур, ҷиҳати амалишавии стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2013-2020
ва стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи афсарон ва сарбозонӣ қушунҳои сарҳадӣ, шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, гуруҳҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми Ватан чун вазифаи ҳар як ҳизматчии ҳарбӣ суҳбату вохурӣ гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.