Мурофиаи сайёри суди дар қисми ҳарбии 87740 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон аз ҷониби раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои маҷлисгоҳи қисми ҳарбии 87740 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур, парвандаи ҷиноятиро нисбати Шамсов И.С., бо моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари чиддӣ расонида шударо пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи афсарон, махсусан барои аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадани афсарон суҳбат гузаронид.

                                Баромад

Инчунин Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 87740 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳиссӣ ватандорию давлатдорӣ, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2013-2020, стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016

                              Баромад

инчунин вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

                           Баромад

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                      Ҳамзазода Т.С.