Оқибати фирор намудан аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ боиси ҳабс шудан гардид.

Дар таърихи 04 сентябри соли 2019 дар қисми ҳарбии 13483 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Восеъ судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимзода Д.А., дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати Умедҷони Бури бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншударо пешбинӣ намудааст, баррасӣ намуда, Умедҷони Буриро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 375 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

                    

Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимзода Д.А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозон, махсусан барои фирор намудан суҳбат гузаронида, вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 инчунин вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Баромад

Нисбат ба ҳукм тарафҳо метавонанд дар муҳлати даҳ шабонарӯз, тавассути ҳамин суд, аз лаҳзаи эълони он, маҳкумшуда бошад дар ҳамин муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ оваранд.

 

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                             Ҳакимзода Д. А.