Мурофиаи Сайёри Суди дар қисми Ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз Ҷониби Судяи Суди Ҳарбии Гарнизони Хатлон Подполковники Адлия Ҳакимзода Д.А.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимзода Д.А. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои маҷлисгоҳи қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур, парвандаи ҷиноятиро нисбати Зоиров Фируз бо моддаи 375 қисми 3-иСудшавандагон

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои фирор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содиршударо пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозон, махсусан оиди фирор  суҳбат гузаронид.

Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимзода Д.А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2018 сол, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, оиди тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Баромад