Вохӯрии Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон полковники адлия Ҳамзазода Т.С. ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар қисми ҳарбии 87740 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар қисми ҳарбии 87740 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28 декабри соли 2024, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти риояи онҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунҳои мазкур, инчунин вобаста ба пешгирии вайроншавии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳангоми барҳам хурдани оилаҳо бо тариқи моддӣ таъмин намудани фарзандон суҳбат гузаронида, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Ҳамзамон вобаста Стратегияи Давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, мафҳум ва моҳияти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва пешгирии содиршавии ин категоряҳои ҷиноятҳо, оиди муқовимат бо экстремизм ва терроризм, шомил шудани хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва терористидошта суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятҳо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.

     Дар фарҷом вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки қувваи барқ, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳои муқаррарнамудаи қунун ва тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмоди шуд.

https://www.fasebook.com/share/v/1AnuaPCtn9/

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

полковники адлия                                      Ҳамзазода Т.С.