Имрӯзҳо дар аксари давлатҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии коронавируси СОVID-19 хуруҷ кардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Сабабҳои асосии хуруҷи дубораи бемории мазкур дар риоя накардани қоидаҳои пешгирӣ аз бемории мазкур, бахусус риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ, бе ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор намудани аҳолӣ ва риоя накардани реҷаи истифодабарии дурусти ниқобҳо мебошанд.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус СОVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаруза корҳои зиёде амалӣ гардида истодааст. Инчунин ҳамаруза тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус СОVID-19 ба таври васеъ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале ҳануз ҳам ҳолатҳои зоҳир шудани беэътиноӣ аз тарафи аксари шаҳрвандон ба назар мерасад, ки нигароникунанда мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки қаблан дар Суди ҳарбии гарнизони Хатлон вобаста ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси СОVID-19 ситоди дохилиидоравӣ таъсис додашуда, таҳти назорати доимии раиси суд қарор дорад ва мунтазам фаъолият намуда истодааст. Дар ҳамин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии бемории коронавирус дар байни кормандон самаранок ба роҳ монда шуда ҳамаруза шахсони масъули ситоди дохилиидоравии таъсисдодашуда саломатии ҳамаи кормандонро зери назорати қатъи худ мегирад ва аз ҳамаи кормандон қатъиян талаб карда мешавад, ки дар ҷойи кор қоидаҳои гигиенӣ, махсусан гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятиро риоя намуда ҳангоми муоширати шахсӣ аз тамоси наздик ва саломи дастӣ мувққатан худдорӣ намоянд, аз иштирок ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳо бо теъдоди зиёди одамон худдорӣ намоянд. Аз ҳисоби кормандон дар даромадгоҳи бинои суд навбатдории ҳамаруза ташкил карда шуда воридшавии шаҳрвандон таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда ҳангоми воридшавӣ бо маводҳои дезинфексионӣ, маводи шуянда ва спирти тиббӣ шаҳрвандон безарар гардонидашуда баъдан онҳо ба бинои суд бо ниқоб ва тартиби муайяншуда иҷозат дода мешаванд. Аз ҳисоби гиёҳҳои табии ва маводҳои зиддиэпидемики мунтазам дохили бино, утоқҳои корӣ, роҳравҳо безарар гардонида мешаванд. Инчунин ҳамаи кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шудаанд, ки дар манзилҳои истиқоматии худ қоидаҳои гигиенӣ, махсусан гигиенаи шахсиро ба фарзандони худ фаҳмонда диҳанд ва онро риоя намояд ва инчунин ҳамин тартибро ба ҳамсояҳо ва наздикони худ низ тавсия намоянд.