Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми кишварро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон, бо вуҷуди ҷавон буданаш дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ рушду инкишоф карда, ба яке аз қувваҳои пуриқтидору мусаллаҳ, дар байни собиқ давлатҳои Шӯравӣ ва минтақа гардида, ба ҳомии мустаҳками марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт ва барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои даҳшатбори таърихи навини Тоҷикистон ва то ин замон ин ҳомиёни Ватан ҷаҳду талошҳои беандоза намуда истодаанд.
Бигзор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипари мустаҳками Тоҷикистон гардидааст, ҷовидон бошаду, марзу буми давлатамонро то абад ҳимоя намояд.
Бори дигар ин санаи фараҳбахшро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, иқболу обрӯ, рӯҳу ҷисми болида ва дар фаъолияти пурмасъулатон баҳри шукуфоии Ватани азиз муваффақиятҳо таманно дорам.