Ҳозирини гиромӣ!
Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ, ки дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд, табрик мегӯям.
Чанд рӯз пештар мардуми кишвар яке аз санаҳои таърихӣ – 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷлил намуданд.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ва Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози ҳаёти халқи тоҷик арзишҳое мебошанд, ки бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.
Ин арзишҳо роҳи ояндаи дурахшони кишвар ва мақсаду мароми мардуми он – барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро муайян ва ҳамвор сохтанд.
Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат дода, фаъолияти он ба таъмин намудани қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст.
Яъне Конститутсия ва қонунҳо танҳо ба суд ваколат додаанд, ки инсонро аз озодӣ маҳрум созад, гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсро муқаррар намояд, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд.
Тибқи меъёрҳои Конститутсия нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад.
Меъёрҳои Конститутсия кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошанд.
Бо дарназардошти он ки адолати судӣ яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, судяҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монанд.
Онҳо вазифадоранд, ки ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд.
Судяҳои муҳтарам!
Бо дарназардошти мақом ва нақши ҳокимияти судӣ, то имрӯз барои таъмин намудани мустақилияти судҳо иқдомоти назаррас амалӣ карда шудаанд.
Қабул ва амалӣ намудани чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ, афзоиши ҳарсолаи маблағгузории мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо аз ҷумлаи иқдомоти зикршуда мебошанд.
Ҳамчунин, дар самти таъминоти моддиву техникии судҳо ва бо бинову таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо то имрӯз хеле корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳокимияти судӣ ва рушди он самараи истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои он ба ҳисоб меравад.
Ҳанӯз 10-уми марти соли 1992 бо вуҷуди шароити ниҳоят ҳассосу душвор бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодӣ таъсис дода шуданд.
Баъдан барои амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1993 Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд, ки пешрафти муҳим дар низоми судии кишвар маҳсуб меёбанд.
Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид.
Дар ҳамин асос, соли 1995 ҷиҳати рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд.
Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии мамлакатро мукаммал гардониданд.
Баъд аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ» масъалаҳои беҳсозии шароити моддиву техникии судҳо давра ба давра ҳаллу фасл карда шуданд.
Дар ин раванд, 6-уми августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, меъёрҳои ҳуқуқии соҳа мукаммал ва сохтори судии кишвар такмил дода шуд.
Соли 2014 ин қонуни конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардид ва он ҳоло фаъолияти судҳои умумиро танзим мекунад.
Бо мақсади таҳкими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ 22-юми июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки як қатор меъёрҳои онҳо ба таҳкиму такмили минбаъдаи ҳокимияти судӣ равона гардида буданд.
Аз ҷумла муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол боло бурда шуд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо гардида, шумораи кормандони соҳа 252 воҳиди корӣ – 116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо зиёд карда шуд.
Дар ин раванд, ба масъалаи ҷалби васеи занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар низоми ҳокимияти судӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, шумораи судяҳо аз ҳисоби занон зиёд гардид.
Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 385 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки дар вазифаҳои раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият дошта, дар таъмини адолати судӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти судҳо дар солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 нишон медиҳад, ки ба судҳои кишвар дар ин давра беш аз 732 ҳазор парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардидааст.
Чунонки борҳо таъкид кардаам, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо мебошад.
Ҳадафи асосии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 низ аз ҳамин иборат буд.
Сиёсати давлат дар ин самт дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, инчунин, барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ карда мешавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мусаллам аст, ки санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд ва онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намуда, барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори судҳо дар фаъолияти онҳо ҳанӯз камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо насупоридани санадҳои судӣ, бекоршавии санадҳои судӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ба назар мерасанд.
Баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд.
Чунин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят, бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад.
Бо ҳамин сабаб дар зарфи солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби судҳои болоӣ беш аз 1700 қарори судҳои поёнӣ бекор гардидааст.
Инчунин, тибқи маълумот қариб 1400 ҳолати риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Дар давраи зикршуда аз ҷониби Суди Олӣ 2320 муроҷиати шаҳрвандон доир ба кирдори судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баррасӣ гардидааст.
Қисми зиёди муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ворид мешаванд, шикоят аз амалҳои судяҳо, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ мебошанд.
Солҳои 2020 – 2023 ва даҳ моҳи соли 2024 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин ҳолатҳо 4332 муроҷиат ворид гардидааст.
Баъзан шаҳрвандон бинобар ҳал нашудани масъалаҳояшон ва яктарафа баррасӣ гардидани даъвои онҳо такрор ба такрор муроҷиат мекунанд.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҳоло ҳам ҷой доранд, ки чунин вазъ моро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ овардааст.
Дар даҳ соли охир, яъне аз соли 2014 то соли 2024 нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 нафар судяҳо, муовинон ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум ва аз сафи мақомоти судӣ хориҷ гардидаанд.
Ҷиноятҳои содиршуда, асосан, дорои хусусияти коррупсионӣ, аз ҷумла қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ришвагирӣ, баровардани ҳукми ноодилона аз ҷониби судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мебошанд.
Боиси нигаронист, ки содиршавии ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.
Дар 10 моҳи соли 2024 26 ҷиноят нисбат ба 16 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки аз ҷониби судҳо зимни татбиқи адолати судӣ ба камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла қабули санадҳои ғайриқонунӣ, кашолкории беасос дар ҷараёни баррасии парвандаҳо, назорат накардан ба иҷрои санадҳои судӣ ва камбудиҳои дигар роҳ дода мешавад.
Масалан, дар давраи соли гузашта ва нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар миқёси кишвар 1008 санади судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла 709 санад бо эътирози прокурорҳо ва 299 санад бо шикояти кассатсиониву назоратии маҳкумшудагон, ҷабрдидагон ва намояндагони онҳо бекор ва тағйир дода шудааст.
Шумо тасаввур мекунед, ки чунин рафтори баъзе судяҳо боиси чӣ қадар сарсону саргардон шудани маҳкумшудагону ҷабрдидагон ва аҳли оилаи онҳо, инчунин, сарфи беҳудаи вақт гардидааст?
Дар соли 2023 бо эътирози кассатсионии прокурорҳо 11 ҳукми ғайриқонунии судӣ бинобар таъин гардидани ҷазои сабук бекор гардидааст.
Чунин ҳолатҳо низ ҷой доранд, ки аз ҷониби судҳои марҳалаҳои кассатсиониву назоратии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе эътирози прокурорҳо беасос рад карда шуда, санадҳои баръало ғайриқонунии судҳо бетағйир гузошта мешаванд.
Ҳамчунин, дар баъзе мавридҳо судяҳо парвандаҳои ҷиноятиро беасос ба тафтиши иловагӣ бармегардонанд.
Дар ҳолатҳои алоҳида хунукназарии судяҳо дар ҷараёни барасмиятдарории санадҳои судӣ боиси ғайриимкон гардидани истирдоди ҷинояткорон шудааст.
Аз ҷониби судҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ ва маъмурӣ низ ба камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла беасос эътироф кардани ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона, аз ҳисоботи оморӣ пинҳон намудани чунин парвандаҳо, кам кардани ҳаҷми ҷарима ва монанди инҳо роҳ дода мешавад.
Ҳолатҳои баръало ғайриқонунӣ қабул кардани санадҳои судӣ аз рӯйи чунин парвандаҳо ҷой доранд.
Дар фаъолияти кормандони мақомоти судӣ боз як рафтори нигаронкунанда мушоҳида мегардад.
Баъзе судяҳо аз пешниҳод кардани маълумот доир ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба кормандони Прокуратураи генералӣ ҳамчун мақоми назоратӣ сарпечӣ мекунанд, ки чунин ҳолат хилофи қонун ва ташвишовар мебошад.
Дар натиҷаи чунин рафтори судяҳо аксари қарорҳои ғайриқонунии онҳо дар ин самт танҳо аз рӯйи маводи пешниҳодкардаи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардида, ба чунин санадҳо 59 эътирози назоратӣ оварда, 49 эътироз баррасӣ ва қонеъ карда шудааст.
Ҳолатҳои зиёде ҷой доранд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф нисбат ба шахсони гунаҳкор дар баробари ҷазои асосӣ, инчунин, ҷазои иловагӣ дар намуди мусодираи молу мулк таъин карда мешавад.
Ҳатто аз лаҳзаи ба ҳабс гирифтани шахси гумонбар ба содир кардани ҷиноят барои пинҳон накардани молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз ҷониби ӯ ба молу мулк ҳабс гузошта мешавад.
Тибқи талаботи қонунгузорӣ молу мулки дар ҳабс қарордошта ё бо ҳукми суд мусодирагардида то супоридан ба моликияти давлат бояд таҳти муҳофизат ва нигоҳдорӣ қарор дода шавад.
Аммо то қабули қарори ниҳоии суд ва баъд аз қабули қарор молу мулки мусодирашуда аз ҷониби шахсони алоҳида бо маслиҳати пешакӣ тасарруф гардида, бо таҷҳизоти фарсудаву корношоям иваз карда мешавад.
Дар натиҷа истифодаи молу мулки мусодирашуда ғайриимкон гардида, барқарорсозии он аз буҷети давлат маблағи зиёдро талаб мекунад.
Бинобар ин, мақомоти судӣ, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки назоратро дар ин самт пурзӯр намуда, барои ҳифзу нигоҳдории молу мулки мусодирашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Такроран таъкид месозам, ки пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти мақомоти судӣ ба ҳисоб меравад.
Зарур аст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Онҳо вазифадоранд, ки корҳои таъсирбахши пешгирикунандаро мунтазам амалӣ намуда, мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳо бояд ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва дар баробари донишу таҷриба, инчунин, одобу ахлоқ ва масъулиятшиносии онҳо низ санҷида ва ба эътибор гирифта шавад.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.
Дар баробари ин, ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, яъне фароҳам овардани шароити зарурии моддиву техникӣ, аз ҷумла бо биною таҷҳизоти муосир таъмин намудани судҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва зиндагии судяҳо яке аз омилҳои таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад.
Дар солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки судҳо бинои маъмурии судҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо аз нав бунёд гардиданд.
Аз ҷумла бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Шаҳристон, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Кушониён, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, Восеъ ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз нав сохта, бинои судҳои дигар шаҳру ноҳияҳо таъмири асосӣ гардида, бо таҷҳизоту шароити муосир таъмин карда шуданд.
Аз ҷумла бинои нави Суди Олӣ, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд карда шуд.
Ҳамчунин, ҳоло сохтмони бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дорад.
Дар рӯзҳои ҷашни истиқлоли давлатӣ бунёди суди вилояти Суғд иборат аз 7 ошёна, ки дар он суди вилоят, суди иқтисодии вилоят ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ҷойгир мешаванд, оғоз гардид.
Ҳукумати мамлакат маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро давра ба давра баланд бардошта истодааст.
Аз ҷумла андозаи маоши онҳо солҳои 2008 – 2010 ҳар сол 40-фоизӣ, соли 2011-ум 100 фоиз, солҳои минбаъда борҳо аз 15 то 30 фоиз ва аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши судяҳо 100 фоиз ва кормандони дастгоҳи судҳо 40 фоиз зиёд карда шуд.
Муҳтарам кормандони мақомоти судӣ!
Ҷомеаи имрӯза аз ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, бахусус, аз судҳо ва кормандони судҳо риояву иҷрои ҳатмии қонунҳо, маърифату дониш ва сатҳи баланди касбият, инчунин, одобу ахлоқи намунавӣ, беғаразӣ ва поквиҷдониро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз, судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба халқ содиқонаву беғаразона хизмат кунанд.
Дар натиҷаи зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва рушди устувору босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои судӣ низ сол ба сол зиёд шуда, ин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо гардида истодааст.
Лекин ин ҳолат набояд барои бесифат ва бо вайрон намудани муҳлатҳои бо қонун муқарраршуда баррасӣ кардани парвандаҳо асос гардад.
Роҳбарияти мақомоти судиро зарур аст, ки барои таъмин гардидани баррасии саривақтии парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тадбирҳои андешидашаванда бояд барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҷойдошта ва муҳимтар аз ҳама, ба таъмин гардидани адолати судӣ мусоидат намоянд.
Роҳбарияти мақомоти судиро, ҳамчунин, зарур аст, ки барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузории чорабиниҳоро бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, суҳбату вохӯриҳо ва истифода аз воситаҳои ахбори умум зиёд намоянд.
Бахусус, пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак тақозо менамояд, ки судяҳо ҳарчи бештар фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳоро дар байни аҳолӣ ба роҳ монанд.
Ба мардум фаҳмонидани меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти судӣ дар раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Илова бар ин, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ тақвият дода шуда, иҷрои қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон бояд таъмин карда шавад.
Бовар дорам, ки роҳбарият ва кормандони мақомоти судӣ аз норасоиҳои зикршуда хулосаҳои зарурӣ бароварда, ҳарчи зудтар онҳоро ислоҳу бартараф месозанд.
Ҳар яки шумо вазифадор ҳастед, ки фаъолияти худро дар доираи қонун ва ба хотири волоияти қонун ба роҳ монда, дар таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва амалӣ намудани адолати судӣ саҳми арзишманд гузоред.
Дар охир ба ҳамаи шумо – судяҳо ва кормандони мақомоти судии кишвар саломатӣ ва барори кор мехоҳам.
Саломат бошед!
Манбаъ:https://prezident.tj