ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7-8, мод. 522; с. 2019, № 1, мод. 1, мод. 2, № 6, мод. 311; с. 2020, № 1, мод. 8, мод. 9), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

-қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2) Ҳамин кирдор, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда бошад, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;

— қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ё зиёда шахсон гардида бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

jumhuriyat.tj