Мурофиаи Сайёри Суди дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Кулоби вилояти Хатлон аз ҷониби Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, парвандаи ҷиноятиро нисбати хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0126 КС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукаримов А., Ҷумаев Ҷ., Ҷумабоев В., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гафоров Л., бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «а,б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук  ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад, такроран, нисбати ду ва зиёда шахсон, аз љониби гурўњи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешаки ё гуруҳи муташаккил, пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, ба номбурдагон ҷазоҳои дар доираи конун пешбинигардидаро таъйи намуд.

 

                     

Мурофиа

 

Раиси суд                                                                         Хамзазода Т.С.