Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., дар таърихи 29 январи соли 2020 дар мурофиаи сайёри суди парвандаи ҷиноятиро нисбати Рашидзод М., хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 13483 «Д» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Кулоб дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 1 КҶҶТ, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад пешбини кардааст мавриди баррасӣ қарор дода, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур ҷиҳати пешгири намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи сарбозону афсарон, махсусан барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо суҳбат гузаронид.
Инчунин Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои ҳарбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи муқовимат бо Коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, дар бораи амали намудани корхои таргиботи дар самти пешгирии вайроншавии оилахо, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.
Хамзамон Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафиқзода А., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба маъракаи мухими сиёсии дар пешистода, интихоботи нави вакилон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва ба Мачлисхои вакилони халкии вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо суханрони намуда, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
подполковники адлия Рафиқзода А.