Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Зокиров Ф.А. ва Саидов Ш.Т., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр пешбини намудааст, баррасӣ намуда, ба Зокиров Ф.А. ва Саидов Ш.Т., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард. Бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр содир шудааст, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд. Инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, шахсони масъули қисми ҳарбии маскур, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом диҳанд.
Дар анҷом судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 07017 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, оиди таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданда, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии маскур ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ.,