Мурофиаи сайёри суди аз ҷониби Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Мурофиаи сайёр       Дар таърихи 22 апрели соли 2021, Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар дар суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҷумъахони Я., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншуда ва 388 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои барбод додан, яъне аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ вайрон кардани қоидаҳои сариштакунӣ, гум ё вайрон кардани сарулибос ё асбобу анҷомҳои ҳарбие, ки бо ӯ барои истифодабарии шахсӣ дода шудаанд, пешбини намудааст, баррасӣ намуда ба Ҷумъахони Я., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.

            мурофиаи сайёр

Ҳамзамон Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар дар суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Соҳибов А.Ч., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро бароибо суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиятии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, пешбини намудааст, баррасӣ намуда ба Соҳибов А.Ч., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.

 

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                                         Ҳамзазода Т.С.