Дар таърихи 24 феврали соли 2021, Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, парвандаи ҷиноятиро нисбати Абдуллоев Ф.Н., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиятии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, пешбини намудааст, баррасӣ намуда ба Абдуллоев Ф.Н., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.
Ҳамзамон бо ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус оиди суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, содир шудааст, суҳбат гузаронида,
мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Рузи Ваҳдати Миллӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, дар бораи муқовимат ба савдои одамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши гайриқонунии маводи мухадир, дар баромад намуданд.
Инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, суҳбат гузаронида, шахсони масъули Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом диҳанд.
Дар анҷом Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маљлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 26 январи соли 2021 ва нақши он дар ҷомеа равшанӣ андохта, ба саволҳои додаи кормандони Комиссариати ҳарбии маскур ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳамзазода Т.С.