Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Қурбонов Ф.Б., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст, пешбини намудааст, баррасӣ намуда Қурбонов Ф.Б., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.
Бо ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус оиди Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,суҳбат гузаронида,
мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.
Инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, суҳбат гузаронида, шахсони масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом диҳанд.
Дар анҷом Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., тамоми ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, оиди иди Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеа равшанӣ андохта, ба саволҳои додаи кормандони Комиссариати ҳарбии маскур ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.