Мурофиаи сайёр аз ҷониби Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Раёсати Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон

Дар таърихи 16 ноябри соли 2020 Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Раёсати Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, парвандаи ҷиноятиро нисбати Беков Р.И., дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, пешбини намудааст, баррасӣ намуда ба Беков Р.И., ҷазои тибқи қонун пешбинишударо таъйин кард.

          Баромад

     Бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус оиди суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,

           Баромад

мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор  нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.

Инчунин вобаста ба баргузории 16-ноябри Рӯзи Президент равшанӣ андохта, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

Дар анҷом Раиси Суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., тамоми ҳайати шахсии Раёсати Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлонро бахшида ба Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта дар фаъолияти кории онҳо комёбиҳоро таманно намуд.

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                      Ҳамзазода Т.С.