Маҷлиси кории Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ. ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хатлон, бахшида ба Рӯзи Президент, маҷлиси корӣ гузаронида шуд.

              Баромад

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., қайд намуд, ки имрӯз мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуда истодаем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати хирадмандонаи хеш барои пешрафти соҳаҳои ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом додаанд. Ин ҳама ободӣ, амният, натиҷаи заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Котиби маҷлиси суди Сафариён Р.С., қайд намуд, имрӯз пиру барнои кишвар ҳусни тафоҳум бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои олии дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар саҳм мегузоранд.

Баромад                баромад

Шарбатова Г.Ш., баромад намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Дар охир Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., ҳозиринро бо  Рӯзи Президент табрик намуда, дар корҳояшон бурдбориҳо таманно кард.

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Хатлон                                                Ҳакимиён К.Қ.