Маҷлиси кории Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон майори адлия Ҳакимиён К.Қ. ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хатлон, бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси корӣ гузаронида шуд.

                          баромад

Дар маҷлиси мазкур аввалан  Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия Ҳамзазода Т.С., хозиринро бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда нақши ҳокимияти судиро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳлил намуд.

Баъдан дар давоми маҷлис судя ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои миллӣ” ва “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давраҳои таърихии ба даст овардани он” баромад намуданд.