Иштирок дар чорабинии иттилоотӣ вобаста ба шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»

Имрӯз дар толори бинои Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусран ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони мақомотҳои давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, ходиноми дин ва дигарон чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.

Аввалан Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳ., дар мавзӯи «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонғ ҳамчун механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон» баромад намуда ба саволҳои додаи иштирокчиёни чорабинӣ ҷавобҳои муфассал гардонид.

               Чорабини

Баъдан Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ С., дар мавзуи «Зарурияти қабул ва шарҳу эзоҳи мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»»  баромад намуда ба саволҳои додаи иштирокчиёни чорабинӣ ҷавобҳои муфассал гардонид.

        чорабини

Зимнан Муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода С. ва Муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Н., тибқи барнома баромад намуда, ба саволҳои додаи иштирокчиёни чорабинӣ ҷавобҳои муфассал гардониданд.

Корманди суди ҳарбии гарнизони Хатлон                   Азимиён Б.С.