Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Хамзазода Т.С., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафикзода А. ва Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., дар қисми ҳарбии 0332 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба модаҳои 373 ва 391 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятҳои характери корупсионидошта ва пешгирию роҳ надодан ба чунин кирдорҳо, Оинномаҳои ҳарбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2013-2020, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони карданд.
Инчунин бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, суҳбату вохуриҳо гузаронида, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардониданд
.
Инчунин Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Хамзазода Т.С., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Рафикзода А. ва Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрони намуда, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.