Баромади якҷояи Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. ва Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Б.Т., дар бинои ҳукумати ноҳия Қубодиён бо кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Н.Хусрав.

БаромадТибқи нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ ва нақшаи чорабиниҳои иловагии Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 ва иҷрои дастуру супоришҳои дарҷгардида, дар таърихи 01 марти соли 2021, Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., ва Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Б.Т., дар бинои ҳукумати ноҳия Қубодиён бо кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Н.Хусрав вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 суҳбат гузаронида, баҳри амал кардани вазифаҳои дар он зикргардида ба шахсони масъули комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Н.Хусрав вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Баромад           Баромад

Ҳамзамон Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор  нигоҳ доштани оилаҳо, таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, дар бораи муқовимат ба савдои одамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши гайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Н.Хусрав суҳбат гузаронида, шахсони масъули комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Н.Хусрав вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом дода, ба саволҳои додаи кормандони Комиссариатҳои ҳарбии маскур ҷавобҳои муфассал гардониданд.

 

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон                                                        Ҳамзазода Т.С.