Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳакимиён К.Қ., дар асоси нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ҳарбии гарнизони Хатлон, нақшачорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28 декабри соли 2025, вайроншавии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳангоми барҳам хурдани оилаҳо бо тариқи моддӣ таъмин намудани фарзандон суҳбат гузаронида, шахсони масъули қисми ҳарбии мазкурро водор сохт, ки оиди пайдо шудани баҳсҳои оилавӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба суди ҳарбии гарнизони Хатлон муроҷиат намоянд. Дар фарҷом ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд. Ҳамзамон мафҳум ва моҳияти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта баромад намуда, ҷиҳати пешгирии содиршавии ин категоряҳои ҷиноятҳо ва содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаҳои 374, 375 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин гуна категорияҳои ҷиноятҳо шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои додаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал доданд.
Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ.,