Баромади судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 13483 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

        Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 13483 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор  нигоҳ доштани оилаҳо, бахшида ба 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.

  Баромад

 

 

 

 

 

 

Инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 13483 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, шахсони масъули қисми ҳарбии маскур, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом диҳанд.

 Су

Дар анҷом судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ., тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 13483  ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, оиди таҷлили 16-ноябр рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуданда, ба саволҳои додаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардониданд.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон                                             Ҳакимиён К.Қ.,