Баромади Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон полковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 ва иҷрои дастуру супоришҳои дарҷгардида, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон полковники адлия Ҳамзазода Т.С., дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии мазкур, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 суҳбат гузаронида, баҳри амал кардани вазифаҳои дар он зикргардида ба шахсони масъули Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

        Баромад               

          Ҳамзамон мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремисти ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, дар бораи муќовимат ба савдои одамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бо кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб суҳбат гузаронида, шахсони масъули Комиссариати ҳарбии мазкур вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҷиноятҳо корҳои назаррасро онҷом дода, ба саволҳои додаи кормандони Комиссариати ҳарбии мазкур ҷавобҳои муфассал гардонид.

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хатлон

полковники адлия                                  Ҳамзазода Т.С.