Дар таърихи 24 ноябри соли 2021 бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар, бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши корӣ гузаронида шуд.
Дар аввал Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Тоҳирзода Н.У., ва Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., баромад намуда, қайд намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24-ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хурду бузурги кишварамон бо муҳаббату садоқати зиёд арҷ мегузоранд.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатӣ мебошанд.
Дигар кормандон дар бораи таърихи пайдоиши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрони намуда қайд намуданд, ки парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти давлатиест, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардида буд.
Дар охир Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Тоҳирзода Н.У., ва Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳозирин комёбиҳои беназирро таманно карданд.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Хатлон
подполковники адлия Ҳамзазода Т.С.