Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Бохтар

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо иштироки Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., Прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Тоҳирзода Н.У., Сардори Раёсати Агентии давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон генерал-майор Иброҳимзода К.И., сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Раҷабзода С.Р., комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Солизода У. ва дигарон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Бохтар баргузор гардид.

Баромад     Баромад

Дар ҷаласа ҳолатҳои аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, хусусияти коррупсионидошта, додан ва гирифтани пора, азонихудкунӣ ва исрофкорӣ инчунин таҷрибаи ин қабили ҷиноятҳо дар соли 2020 ва соли 2021 дар суд мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, муҳокима карда шуд.

 

Пас аз суханронии Раиси Шӯро полковники адлия Тоҳирзода Н.У., аъзоён ва намояндагони Шӯро  ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар Аҳмадзода Н., вобаста ба ҳолатҳои аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, хусусияти коррупсионидошта, додан ва гирифтани пора, азонихудкунӣ ва исрофкорӣ баромади муфид пекаши ҳозирин намуд.

Дар охири ҷаласаи Шӯро, ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои гарнизони Бохтар, вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидошта чораҳои мушшахас андешида, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон пешгири намудани ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳиро дар фаъолияти кории ҳаррузаашон зиёд намоянд.

 

 

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон

подполковники адлия                                                            Ҳамзазода Т.С.